МАҶАЛАИ НАВ ДАР ТОҶИКИСТОН

Февраль 23, 2010 15:05

Душанбе,  23 феврал. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).-  Дар шаҳри Душанбе аввалин шумораи маҷаллаи “ЭЛИТА” муаррифӣ шуд. Маҷаллаи мустақили таҳлилӣ аст ва ба забони  тоҷикӣ ба нашр мерасад. Дар сӯҳбат ба мухбири АМИТ «Ховар» муассис ва сардабири маҷаллаи таҳлилии «Элита» Далери Ғуфрон гуфт, ки маънои вожаи “ЭЛИТА”   “саромадон” аст. — Воқеият ин аст, ки имрўз васоити ахбори омма рисолат ва мавқеи беш аз як расонаеро касб кардаанд, дар баробари фазои иттиллоотӣ, фазои сиёсиро низ муайян менамоянд, сиёсати давлатро тақвият медиҳанд ё баръакс камранг мегардонанд, ҳатто муносибатҳои кишварҳоро таъин мекунанд, тиҷоратро рушд ва гоҳо, таназзул медиҳанд. Бо назрдошти ин нукта, аввалин фикре, ки ҳангоми таҳияи  маҷаллаи «ЭЛИТА» дар зеҳни мо пайдо шуд, ба вуҷуд овардани «Минбари ҳамоҳангсози рушди миллӣ» буд. Зеро алҳол Тоҷикистон дар марҳалаи рудши миллӣ қарор дорад. Худи оғози сохтмони Нерўгоҳи барқӣ-обии Роғунро метавон қадами воқеӣ дар ин самт ном бурд, — иброз дошт Д. Ғуфрон. Дар маросими муаррифии нахустин шумораи ин маҷалла, Сайфуллоҳ Сафаров, — муовини директори маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии   Тоҷикистон, Ҳоҷӣ Акбари Тураҷонзода, узви Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон, Акбаралӣ Сатторов, — раиси Иттиҳодияи рӯзноманигорони Тоҷикистон ва иддаи зиёде аз рӯзноманигорон ва сардабирони нашрияҳо суханронӣ карда ва оғоз ба нашри маҷаллаи “ЭЛИТА”-ро рӯйдоди муҳим дар   матбуоти Тоҷикистон унвон карданд. Дар шумораи аввали ин маҷалла матолибе аз қабили “Насли нави элитаи тоҷик”, “Бозгашти Давлати Усмон”, “Рейтинги бонкҳои Тоҷикистон”, “Рози дили Хайринисо Юсуфӣ”, “Зойиров ва сагони вафодори ӯ” ва “”Камарбанди сиёҳ”-и Бег Зуҳуров” чоп шудааст.      

Февраль 23, 2010 15:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!