МАОРИФ – ОМИЛИ МУҲИМИ ПЕШРАВИИ ҶОМЕА
Ҳисор, 11 феврал. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).-Алҳол дар 140 таълимгоҳи ноҳияи Ҳисор 2923 нафар омӯзгорон ба кори таълиму тарбия машғуланд, ки аксари онҳо омӯзгорони собиқадор буда, дар самаранокии таълиму тарбия, татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» саҳми зиёд доранд. Феълан дар 111 мактаби таҳсилоти умумӣ 599 адад компютерҳои замонавӣ, 123 адад принтер ва 47 адад дизелҳои барқдиҳанда мавриди истифода қарор доранд. Баргузории чорабиниҳои гуногун аз ҷумла озмунҳо барои пешравии соҳаи маориф мусоидат мекунад. Дар озмуни «Мураббияи сол-2009» 8 нафар ширкат варзиданд. Ҷои якум насиби мураббияи боғчаи рақами 6 Махфират Саидова гашт. Номбурда дар озмуни умумиҷумҳуриявӣ роҳхат гирифта, сазовори ҷои сеюм гардид. Дар озмуни «Муаллими сол-2009» бошад 51 нафар омӯзгорони навҷӯю эҷодкор иштирок намуданд, ки 9 нафарашон ба гирифтани ҷоиза мушарраф гардиданд. Дар даври ниҳоӣ муаллими химияи мактаби рақами 9 Т.Кулбулдиев ғолиб баромада, дар озмуни минтақавӣ ширкат кард ва ҷои сеюмро ишғол намуд.








Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид






