МАЪРАКАИ ФУРӮШИ САҲМИЯҲОИ РОҒУН

Февраль 25, 2010 15:55

Душанбе,  25  феврал. (АМИТ «Ховар»,  Кристина  Эрлих). —  Роҳбари  дафтари  матбуоти  ширкати  саҳҳомии  «Барқи  тоҷик» Нозир  Ёдгорӣ   ба  мухбири  АМИТ «Ховар»  хабар  дод, ки  Ҷамъияти  саҳҳомии «Ориёнбонк»  24  феврал   дар   ширкати саҳҳомии  «Барқи  тоҷик»  маъракаи  фурӯши  саҳмияҳои  Нерӯгоҳи барқи обии  Роғунро ташкил  намуд.  Дар  ин  маърака   зиёда  аз  12  ҳазор   коргарону  мутахассисони   ташкилоту  муассисаҳои тобеи  ширкати  саҳомӣ  ширкат  варзиданд. Н. Ёдгорӣ   хабар  дод, ки  аз  оғози  маъракаи  фурӯши  саҳмияҳои  НБО «Роғун»  дар  ширкати  саҳҳомии  «Барқи  тоҷик» ба  маблағи  29  миллион  сомонӣ  саҳмияҳои он  фурӯхта  шуданд. Аз  рӯи  маълумоти  Вазорати  молияи  ҷумҳурӣ  то 20  феврал  аз  фурӯши саҳмияҳои  НБО «Роғун» 168 миллион  доллари  ИМА  ба  даст  омад.

Февраль 25, 2010 15:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад