МАЪРАКАИ ФУРӮШИ САҲМИЯҲОИ РОҒУН
Душанбе, 25 феврал. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — Роҳбари дафтари матбуоти ширкати саҳҳомии «Барқи тоҷик» Нозир Ёдгорӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, ки Ҷамъияти саҳҳомии «Ориёнбонк» 24 феврал дар ширкати саҳҳомии «Барқи тоҷик» маъракаи фурӯши саҳмияҳои Нерӯгоҳи барқи обии Роғунро ташкил намуд. Дар ин маърака зиёда аз 12 ҳазор коргарону мутахассисони ташкилоту муассисаҳои тобеи ширкати саҳомӣ ширкат варзиданд. Н. Ёдгорӣ хабар дод, ки аз оғози маъракаи фурӯши саҳмияҳои НБО «Роғун» дар ширкати саҳҳомии «Барқи тоҷик» ба маблағи 29 миллион сомонӣ саҳмияҳои он фурӯхта шуданд. Аз рӯи маълумоти Вазорати молияи ҷумҳурӣ то 20 феврал аз фурӯши саҳмияҳои НБО «Роғун» 168 миллион доллари ИМА ба даст омад.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






