МЕЪЁРИ ИНТИҚОЛИ БАРҚ ЗИЁД ГАРДИД

Февраль 24, 2010 16:47

Душанбе, 24 феврал. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 24 феврал раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ба ҳайси номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии №63-и ноҳияи Б.Ғафуров дар мактаби таҳсилоти умумии №5-и ҷамоати Қистакӯз бо интихобкунандагон мулоқот намуд. Дар мулоқот наздик ба 300 нафар сокинони ҷамоати мазкур ширкат намуда, бо барномаи пешазинтихоботии номзад шинос шуданд.  Дар мулоқот зикр гардид, ки аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ ва вилоят солҳои охир соҳаҳои маориф ва тандурустӣ, ки рушди ҷомеа аз пешрафти онҳо вобаста аст, тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд. Бо дархости сокинони ноҳия Раиси вилоят масъулинро вазифадор кард, ки бо истифода аз имконоти мавҷуда шурӯъ аз имрӯз  меъёри интиқоли қувваи барқро ба аҳолии ин ноҳия як соат зиёд намоянд.

Февраль 24, 2010 16:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд