МЕЪЁРИ ИНТИҚОЛИ БАРҚ ЗИЁД ГАРДИД
Душанбе, 24 феврал. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 24 феврал раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ба ҳайси номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии №63-и ноҳияи Б.Ғафуров дар мактаби таҳсилоти умумии №5-и ҷамоати Қистакӯз бо интихобкунандагон мулоқот намуд. Дар мулоқот наздик ба 300 нафар сокинони ҷамоати мазкур ширкат намуда, бо барномаи пешазинтихоботии номзад шинос шуданд. Дар мулоқот зикр гардид, ки аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ ва вилоят солҳои охир соҳаҳои маориф ва тандурустӣ, ки рушди ҷомеа аз пешрафти онҳо вобаста аст, тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд. Бо дархости сокинони ноҳия Раиси вилоят масъулинро вазифадор кард, ки бо истифода аз имконоти мавҷуда шурӯъ аз имрӯз меъёри интиқоли қувваи барқро ба аҳолии ин ноҳия як соат зиёд намоянд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






