МУҲОКИМАИ ПРОБЛЕМАҲОИ АФҒОНИСТОН

Февраль 26, 2010 09:45

Маскав,  26  феврал. (АМИТ «Ховар», Ҳалима  Хушқадамова). —  Муншии  умумии  Созмони аҳдномаи  амнияти  дастаҷамъӣ  Николай  Бордюжа  25  феврал дар  Маскав   зимни  машварат  бо  коршиносони   вазоратҳои  корҳои  дохилӣ ва вазорату  идораҳои  дигари  манфиатдори  давлатҳои  аъзои  созмон проблемаҳои  имрӯзаи  Афғонистонро  мавриди  баррасӣ  қарор  дод. Зимни  машварат вазъияти  ин  мамлакат  ва  ҳамкории  созмонҳои  байналмилалӣ  дар  бобати   таъмини   амнияти он  бо  мақсади  тақвият  бахшидани   мубориза ба  муқобили   зуҳуроти  номатлуб  ва таҳдид   ба  амнияти   давлатҳои  аъзои  созмон  муҳокима  шуданд, ки  аз  қаламрави  ин  мамлакат бармеоянд. Иштирокчиёни  машварат   бо назардошти  қарорҳои  қабулнамудаи  СММ ва  аҳду  паймонҳои  дигари  байналмилалӣ  самтҳои  имконпазири  ҳамкориро   дар  бобати   бастани  роҳҳои  таъминоти  молиявии фаъолияти   террористон,   истеҳсоли  ғайриқонунӣ  ва  қочоқи  маводи  нашъадор, инчунин омода  сохтани   мутахассисон  барои   сохторҳои  амниятӣ ва   муҳофизи  қонуни  Афғонистонро муайян  намуданд. Ҳамчунин   ба  масъалаҳои  марбут ба  таъмини  транзити  мол барои  қисмҳои  ҳарбии байналмилалии  эътилофӣ  дар  Афғонистон  ба  воситаи  қаламрав  ва  ҳарими  ҳавоии   давлатҳои  аъзои  созмон  диққати  асосӣ  дода шуд. Паймон  карда  шуд, ки   муҳокимаи  проблемаҳои  Афғонистон  бо  назардошти  вазъият  дар  оянда  низ  давом  дода шавад.

Февраль 26, 2010 09:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад