МУҲОКИМАИ ПРОБЛЕМАҲОИ АФҒОНИСТОН
Маскав, 26 феврал. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова). — Муншии умумии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Николай Бордюжа 25 феврал дар Маскав зимни машварат бо коршиносони вазоратҳои корҳои дохилӣ ва вазорату идораҳои дигари манфиатдори давлатҳои аъзои созмон проблемаҳои имрӯзаи Афғонистонро мавриди баррасӣ қарор дод. Зимни машварат вазъияти ин мамлакат ва ҳамкории созмонҳои байналмилалӣ дар бобати таъмини амнияти он бо мақсади тақвият бахшидани мубориза ба муқобили зуҳуроти номатлуб ва таҳдид ба амнияти давлатҳои аъзои созмон муҳокима шуданд, ки аз қаламрави ин мамлакат бармеоянд. Иштирокчиёни машварат бо назардошти қарорҳои қабулнамудаи СММ ва аҳду паймонҳои дигари байналмилалӣ самтҳои имконпазири ҳамкориро дар бобати бастани роҳҳои таъминоти молиявии фаъолияти террористон, истеҳсоли ғайриқонунӣ ва қочоқи маводи нашъадор, инчунин омода сохтани мутахассисон барои сохторҳои амниятӣ ва муҳофизи қонуни Афғонистонро муайян намуданд. Ҳамчунин ба масъалаҳои марбут ба таъмини транзити мол барои қисмҳои ҳарбии байналмилалии эътилофӣ дар Афғонистон ба воситаи қаламрав ва ҳарими ҳавоии давлатҳои аъзои созмон диққати асосӣ дода шуд. Паймон карда шуд, ки муҳокимаи проблемаҳои Афғонистон бо назардошти вазъият дар оянда низ давом дода шавад.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






