МУКОФОТ НАСИБ НАКАРД

Февраль 19, 2010 09:34

Душанбе, 19 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Хазинадори хазинаи чиптафурӯшии ҶДММ «Ави Амир» Ниссо Ҷумъаева 24 – уми декабри соли 2009 дар вақти фурӯхтани 2 адад чиптаи ҳавопаймоӣ дар самти ҳаракати Хуҷанд – Душанбе нархи ҳар чиптаро, ки 285 сомониро ташкил медод, бо нархи 345 сомонӣ фурӯхта аз ҳар чипта 60 сомонӣ ҷамъ – ул – ҷамъ 120 сомонро бо роҳи тамаъҷӯӣ ба манфиати шахсиаш истифода карданӣ шуда ба дасти кормандони шӯъбаи Агентии НДМ ва коррупсияи   нақлиётии вилояти Суғдбуда афтид. Кормандони шӯъбаи мзкур  ҳангоми гузаронидани чораҳои фаврӣ — тафтишотӣ хазинадори хазинаи чиптафурӯшии ҶДММ «Ави Амир» Ниссо Ҷумъаеваро ҳангоми иҷрои «амалиёташ» дастгир намуданд. Нибати Ниссо Ҷумъаева бо моддаи 324 қ.2 (гирифтани мукофот бо роҳи тамаъҷӯӣ) – и КҶҶТ парвандаи ҷиноӣ оғоз намуда, тафтишот мебаранд.

Февраль 19, 2010 09:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад