МУКОФОТ НАСИБ НАКАРД
Душанбе, 19 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Хазинадори хазинаи чиптафурӯшии ҶДММ «Ави Амир» Ниссо Ҷумъаева 24 – уми декабри соли 2009 дар вақти фурӯхтани 2 адад чиптаи ҳавопаймоӣ дар самти ҳаракати Хуҷанд – Душанбе нархи ҳар чиптаро, ки 285 сомониро ташкил медод, бо нархи 345 сомонӣ фурӯхта аз ҳар чипта 60 сомонӣ ҷамъ – ул – ҷамъ 120 сомонро бо роҳи тамаъҷӯӣ ба манфиати шахсиаш истифода карданӣ шуда ба дасти кормандони шӯъбаи Агентии НДМ ва коррупсияи нақлиётии вилояти Суғдбуда афтид. Кормандони шӯъбаи мзкур ҳангоми гузаронидани чораҳои фаврӣ — тафтишотӣ хазинадори хазинаи чиптафурӯшии ҶДММ «Ави Амир» Ниссо Ҷумъаеваро ҳангоми иҷрои «амалиёташ» дастгир намуданд. Нибати Ниссо Ҷумъаева бо моддаи 324 қ.2 (гирифтани мукофот бо роҳи тамаъҷӯӣ) – и КҶҶТ парвандаи ҷиноӣ оғоз намуда, тафтишот мебаранд.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






