МУЛОҚОТИ Ҳ.ЗАРИФӢ БО САФИРИ НАВИ ҶУМҲУРИИ КУРИЁ

Февраль 25, 2010 11:39

Душанбе,  25  феврал. (АМИТ «Ховар», Наргис  Бояхмедова). —  Вазири  корҳои  хориҷии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Ҳамрохон  Зарифӣ  24  феврал  бо   иҷрокунандаи   нави  вазифаҳои  сафири  Ҷумҳурии  Куриё  дар  Тоҷикистон  Ро  Сун — мин  мулоқот  кард. Зимни сӯҳбат  аз  вазъи  имрӯзаи  муносибатҳо  ва  ҳамкории ҳар  ду  кишвар   изҳори  каноатмандӣ  карда  шуд. Ҳамрохон  Зарифӣ  изҳор  намуд, ки  Ҳукумати  Тоҷикистон ва  доираҳои  тиҷоратии он   тайёранд  бо  Ҷумҳурии  Куриё  дар  ҳамаи  соҳаҳо   ҳамкорӣ  кунанд.  Зикр  шуд, ки   ҳамкорӣ  бо  Агентии  ҳамкории  байналмилалии  Куриё  ба  манфиати  ҳар  ду  ҷониб  мебошад. Мусоҳибон  инчунин масъалаҳои  бартараф  сохтани  оқибати   бӯҳрони  ҷаҳонии  молиявӣ,  муҳайё  сохтани  шароит   барои   ҳамкории   соҳибкорону  тоҷирони  ҳар  ду  кишвар  ва   нақши  Тоҷикистонро  дар  бобати  беҳтар  намудани  вазъияти  Афғонистон  баррасӣ  намуданд.

Февраль 25, 2010 11:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд