МУЛОҚОТИ Ҳ.ЗАРИФӢ БО САФИРИ НАВИ ҶУМҲУРИИ КУРИЁ
Душанбе, 25 феврал. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ 24 феврал бо иҷрокунандаи нави вазифаҳои сафири Ҷумҳурии Куриё дар Тоҷикистон Ро Сун — мин мулоқот кард. Зимни сӯҳбат аз вазъи имрӯзаи муносибатҳо ва ҳамкории ҳар ду кишвар изҳори каноатмандӣ карда шуд. Ҳамрохон Зарифӣ изҳор намуд, ки Ҳукумати Тоҷикистон ва доираҳои тиҷоратии он тайёранд бо Ҷумҳурии Куриё дар ҳамаи соҳаҳо ҳамкорӣ кунанд. Зикр шуд, ки ҳамкорӣ бо Агентии ҳамкории байналмилалии Куриё ба манфиати ҳар ду ҷониб мебошад. Мусоҳибон инчунин масъалаҳои бартараф сохтани оқибати бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ, муҳайё сохтани шароит барои ҳамкории соҳибкорону тоҷирони ҳар ду кишвар ва нақши Тоҷикистонро дар бобати беҳтар намудани вазъияти Афғонистон баррасӣ намуданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






