МУЛОҚОТИ Ҳ. ЗАРИФӢ БО САФИРОНИ МАМЛАКАТҲОИ АВРУПО
Душанбе, 28 феврал. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – Вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Ҳамрохон Зарифӣ 27 феврал бо сафирони Британияи Кабир Тревор Мур, Ҷумҳурии Федероли Олмон Дорис Хертрампф ва Ҷумҳурии Фаронса Энри Зиппер де Фабиани мулоқот кард. Зимни мулоқот силсилаи масъалаҳои марбут ба ҳамкории бисёрҷониба муҳокима шуданд. Қайд карда шуд, ки ҳамкории сиёсию иқтисодӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ, иҷрои барномаҳои марбут ба истифодаи захираҳои обу энергетика, нақлиёт ва беҳтар сохтани вазъияти Афғонистон самтҳои муҳимтарини ҳамкорӣ бо мамлакатҳои Аврупо мебошанд. Иштирокчиёни мулоқот ба масъалаҳои таъмини сулҳу субот ва дастгирии Афғонистон бо истифода аз имкониятҳои транзитӣ ва коммуникатсионии Тоҷикистон диққати махсус доданд. Аз дафтари матбуоти ВКХ ҷумҳурӣ хабар доданд, ки мусоҳибон роҷеъ ба ҳамкории минтақавӣ ва масъалаҳои дигари мавриди назарош изҳори ақида намуданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст






