МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ИГОРС АПОКИНС

Февраль 25, 2010 15:10

25 феврали соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин Сафири фавқулодда ва мухтори Латвия дар Тоҷикистон Игорс Апокинсро  ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили ҳамкории кунунии Тоҷикистону Латвия ва роҳҳои таҳкиму густариши минбаъдаи муносибатҳои ду кишвар баррасӣ шуд. Аз густариши робитаҳои иқтисодӣ ва нақлиётӣ, ки баъди сафарҳои давлатии порсолаи Президенти Тоҷикистон ба Латвия ва Президенти Латвия ба Тоҷикистон авҷи тоза пайдо намудаанд, пеш аз ҳама аз кушодавии алоқаи ҳавоӣ миёни шаҳрҳои Душанбею Рига ва истифодаи васеъ аз бандарҳои баҳрии Латвия баҳри боркашонии миёни ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон таъкид дошт, ки баҳри боз ҳам боло бурдани нишондодҳои ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ имкону захираҳо зиёданд. Сармоягузорӣ ба бунёди иншооти гидроэнергетикӣ, корхонаҳои муштарак оид ба истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, коркарди алюминий, пахта, меваю сабзавот ва ба истихроҷу коркарди захираҳои табиии Тоҷикистон роҳи хуби тавсиаи робитаҳои иқтисодии ду кишвар маънидод гардид. Дар мулоқот ҳамчунин оид ба дигар масоили мавриди таваҷҷўҳ гуфтугў сурат гирифт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.  

Февраль 25, 2010 15:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид