МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ИГОРС АПОКИНС
25 феврали соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин Сафири фавқулодда ва мухтори Латвия дар Тоҷикистон Игорс Апокинсро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили ҳамкории кунунии Тоҷикистону Латвия ва роҳҳои таҳкиму густариши минбаъдаи муносибатҳои ду кишвар баррасӣ шуд. Аз густариши робитаҳои иқтисодӣ ва нақлиётӣ, ки баъди сафарҳои давлатии порсолаи Президенти Тоҷикистон ба Латвия ва Президенти Латвия ба Тоҷикистон авҷи тоза пайдо намудаанд, пеш аз ҳама аз кушодавии алоқаи ҳавоӣ миёни шаҳрҳои Душанбею Рига ва истифодаи васеъ аз бандарҳои баҳрии Латвия баҳри боркашонии миёни ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон таъкид дошт, ки баҳри боз ҳам боло бурдани нишондодҳои ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ имкону захираҳо зиёданд. Сармоягузорӣ ба бунёди иншооти гидроэнергетикӣ, корхонаҳои муштарак оид ба истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, коркарди алюминий, пахта, меваю сабзавот ва ба истихроҷу коркарди захираҳои табиии Тоҷикистон роҳи хуби тавсиаи робитаҳои иқтисодии ду кишвар маънидод гардид. Дар мулоқот ҳамчунин оид ба дигар масоили мавриди таваҷҷўҳ гуфтугў сурат гирифт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






