МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО СЕРГЕЙ ЛЕБЕДЕВ
27 феврали соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Сергей Лебедевро, ки бо як ҳайати бонуфуз барои мушоҳида аз рафти интихоботи парлумонӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили омодагӣ ба интихобот ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ баррасӣ шуд. Сергей Лебедев аз рафти мушоҳидаҳои ҳайати 160 – нафараи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки аз 4 – уми феврали соли равон дар ин ҷо фаъолият доранд, ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода, аз ҷумла изҳор дошт, ки «дар ҷараёни омодагӣ ба интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон талаботи Конвенсияи стандартҳои интихоботии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил риоя мешаванд». Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки «роҳбарияти давлати Тоҷикистон тамоми чораҳоро амалӣ менамояд, то ки интихобот дар фазои шаффофу демократӣ ҷараён гиранд ва мардум озодона овоз диҳанд». Дар мулоқот ҳамчунин оид ба ҳамкорӣ дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва густариши робитаҳои стратегии Тоҷикистону Русия гуфтугўйи судманд сурат гирифт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






