МУЛОҚОТИ Н. БОРДЮЖА БО САФИРИ ИМА ДАР РУСИЯ
Душанбе, 3 феврал. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова . — Муншии умумии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Николай Бордюжа 2 феврал дар Маскав бо сафири ИМА дар Русия Ҷон Байерли мулоқот кард. Мулоқот бо хоҳиши сафири ИМА сурат гирифт. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки зимни мулоқот масъалаҳои мубориза ба муқобили зуҳуроти номатлуби замони ҳозира, масъалаҳои таъмини амният ва нақшаҳои ояндаи фаъолияти СААД муҳокима шуданд. Н.Бордюжа ва Ҷ.Байерли ба иштироки созмон дар мӯътадил сохтани вазъияти Афғонистон ва мубориза ба муқобили паҳн гардидани маводи нашъадор аз Афғонистон таваҷҷӯҳ зоҳир намуданд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






