МУЛОҚОТИ НАМОЯНДАГОНИ СОЗМОНҲОИ ТОҶИКОН ДАР НИЖНИЙ НОВГОРОД
Душанбе, 3 феврал. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова). — 2 феврал дар Хонаи афсарони шаҳри Нижний Новгород ҷамъомади якҷояи фарҳангии аъзоёни созмонҳои минтақавии ҷамъиятии тоҷикони шаҳри Маскав – «Нур» ва «Умед» — и шаҳри Нижний Новгород баргузор гардид. Ба ин созмонҳо намояндагони Тоҷикистон Боғшо Лашкарбеков ва Матлубшо Мирзоев роҳбарӣ мекунанд. Ташкилкунандагони ҷамъомад фаъолони созмони фарҳангии тоҷикони шаҳри Нижний Новгород Завурбек Завурбеков, Далер Сулаймонов, Бахтиёр Ҷонбобоев, Ҳайдармамад Мамадёқубов ва дигарон мебошанд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки олимони Академияи илмҳои Федератсияи Русия барои коргарони муҳоҷир ва тоҷиконе, ки дар шаҳри Нижний Новгород зиндагӣ мекунанд, дар масъалаҳои мувофиқ сохтани анъанаҳо ва фарҳанги миллӣ бо анъанаю фарҳанги миллати таҳҷоӣ, нигоҳ доштани забони миллӣ, ҳифзи анъанаҳои фарҳангӣ дар шароити муҳоҷират ва ғайра семинар гузарониданд. Дар ҷараёни семинар пешниҳод шуд, ки ҳамроҳи муассисаҳои дахлдори маорифи шаҳри Нижний Новгород барои фарзандони коргарони муҳоҷири тоҷик дар ин ҷо мактаби алоҳида кушода шавад. Ҷамъомад бо консерти калон анҷом ёфт. Дар консерт овозхони ҷавони тоҷик Фотима Ҷонибекова ширкат варзид, ки дар озмуни сурудҳои бачагонаи соли 2009 дар Сочи баргузоргардида соҳиби ҷоиза гардида буд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






