МУЛОҚОТИ НОМЗАДҲО БО ИНТИХОБКУНАНДАГОН
Душанбе, 15 феврал. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). — 12 феврал дар Маркази ҷавонони шаҳри Хуҷанд мулоқоти навбатии намояндагони ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ бо интихобкунандагон баргузор гардид, ки номзади вакилони Палатаи поёнии парлумони мамлакат пешбарӣ шудаанд. Мулоқот бо ташаббуси Созмони байналмилалии интихобот баргузор гардид. Дар мулоқоти мазкур намояндаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ Муҳибулло Додоҷонов иштирок дошт. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки интихобкунандагон баъди анҷоми қисмати расмии мулоқот бо номзадҳо бевосита ҳамсӯҳбат шуданд. Мулоқоти хотимавии намояндагони ҳизбҳои сиёсии мамлакат бо интихобкунандагон 20 феврал дар бинои Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон баргузор мегардад.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






