МУЛОҚОТИ РАИСИ КУМИТАИ МАРКАЗИИ ИНТИХОБОТ БО НОЗИРОНИ МАМЛАКАТҲОИ СҲШ

Февраль 26, 2010 15:14

Душанбе,  26  феврал. (АМИТ «Ховар»,  Фарангис  Раҳимова). —  Раиси  Комиссияи  марказии  интихобот  ва   райъпурсии  ҷумҳурӣ  Мирзоалӣ  Болтуев  имрӯз  бо  ҳайати  намояндагони  гурӯҳи  нозирони  мамлакатҳои  аъзои  Созмони  ҳамкории  Шанхай  мулоқот  кард. Вай   зикр  намуд, ки  дар  саросари мамлакат  3  миллиону  400 нафар   интихобкунанда ба  кайд  гирифта  шудааст.  Барои  гузаронидани  интихоботи   вакилони  Маҷлиси  намояндагон  дар  ҷумҳурӣ 3100  қитъаи  интихоботӣ  ва  41   ҳавзаи   интихоботии  якмандатӣ  ташкил  карда шуд. Дар  ҳавзаҳои  мазкур  қариб  150  номзад пешбарӣ  шудааст. Дар  округи  умумиҷумҳуриявии  интихоботӣ   аз 8  ҳизби  сиёсии  ҷумҳурӣ 73  номзад ба  қайд  гирифта  шуд. Мирзоалӣ  Болтуев  афзуд,  ки  ҷараёни  интихоботро   536  нозири  байналмилалӣ,  аз  ҷумла 26  намояндаи  Дафтари сохторҳои  демократӣ  ва  ҳуқуқи  инсони  Созмони  амнияту  ҳамкории  Аврупо,  намояндагони  Кумитаи  иҷроияи  ИДМ,  СҲШ ва  дигарон  назорат  мекунанд. Қайд  карда  шуд,  ки  ҳамаи ҳавзаҳои  интихоботӣ  ба  гузаронидани  интихобот  пурра  тайёр  мебошанд,  варақаҳои  овоздиҳӣ   дар  байни  ҳамаи   қитъаҳои  интихоботӣ  тақсим  карда шуданд. Ба  қавли  раиси  Комиссияи  марказии  интихобот  ва  раъйдиҳии  ҷумҳурӣ   ҳамаи  ҳизбҳои  сиёсӣ  маъракаи  ташвиқоту тарғиботро  муташаккилона мегузаронанд. Тибқи  нақша   дар  интихобот  бештар  аз  80  фоизи  овоздиҳандагони  ба қайд  гирифта шуда  иштирок  хоҳанд  кард.  Берун  аз  қаламрави  Тоҷикистон,  аз  ҷумла  дар  Федератсияи  Русия  300 қитъаи  интихоботӣ  ташкил  карда  шуд.  Зикр  шуд, ки парлумони  Тоҷикистон  63  ҷой  дорад ва барои ба  даст  овардани  ҳар  кадоми онҳо  тақрибан  4  нафар  номзад  мубориза  мебарад.

Февраль 26, 2010 15:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд