МУЛОҚОТИ РАИСИ КУМИТАИ МАРКАЗИИ ИНТИХОБОТ БО НОЗИРОНИ МАМЛАКАТҲОИ СҲШ
Душанбе, 26 феврал. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — Раиси Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии ҷумҳурӣ Мирзоалӣ Болтуев имрӯз бо ҳайати намояндагони гурӯҳи нозирони мамлакатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай мулоқот кард. Вай зикр намуд, ки дар саросари мамлакат 3 миллиону 400 нафар интихобкунанда ба кайд гирифта шудааст. Барои гузаронидани интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон дар ҷумҳурӣ 3100 қитъаи интихоботӣ ва 41 ҳавзаи интихоботии якмандатӣ ташкил карда шуд. Дар ҳавзаҳои мазкур қариб 150 номзад пешбарӣ шудааст. Дар округи умумиҷумҳуриявии интихоботӣ аз 8 ҳизби сиёсии ҷумҳурӣ 73 номзад ба қайд гирифта шуд. Мирзоалӣ Болтуев афзуд, ки ҷараёни интихоботро 536 нозири байналмилалӣ, аз ҷумла 26 намояндаи Дафтари сохторҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони Созмони амнияту ҳамкории Аврупо, намояндагони Кумитаи иҷроияи ИДМ, СҲШ ва дигарон назорат мекунанд. Қайд карда шуд, ки ҳамаи ҳавзаҳои интихоботӣ ба гузаронидани интихобот пурра тайёр мебошанд, варақаҳои овоздиҳӣ дар байни ҳамаи қитъаҳои интихоботӣ тақсим карда шуданд. Ба қавли раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйдиҳии ҷумҳурӣ ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ маъракаи ташвиқоту тарғиботро муташаккилона мегузаронанд. Тибқи нақша дар интихобот бештар аз 80 фоизи овоздиҳандагони ба қайд гирифта шуда иштирок хоҳанд кард. Берун аз қаламрави Тоҷикистон, аз ҷумла дар Федератсияи Русия 300 қитъаи интихоботӣ ташкил карда шуд. Зикр шуд, ки парлумони Тоҷикистон 63 ҷой дорад ва барои ба даст овардани ҳар кадоми онҳо тақрибан 4 нафар номзад мубориза мебарад.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






