МУЛОҚОТИ РОҲБАРИ НАМОЯНДАГИИ САҲА БО ХАБАРНИГОРОН

Февраль 25, 2010 15:46

Душанбе,  25  феврал. (АМИТ «Ховар», Фарангис  Раҳимова). —  Роҳбари  гурӯҳи   намояндагони Дафтари  сохторҳои  демократии  Созмони  амнияту  ҳамкории  Аврупо  Артис Пабрикс  имрӯз  баъди  мулоқоташ  бо  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Эмомалӣ  Раҳмон  бо  намояндагони  воситаҳои  ахбори  оммавӣ  сӯҳбати  мухтасар  анҷом  дод. Вай  зикр  намуд, ки   зимни  мулоқот  бо  Президент  масъалаҳои  марбут ба  гузаронидани  интихоботи  вакилони  Маҷлиси  намояндагони  Маҷлиси  олии  ҷумҳуриро  мавриди баррасӣ қарор  додааст. Ҳамчунин  зимни  сӯҳбат  ба  вазъияти  сиёсии  мамлакат  ва  рушди  демократия  таваҷҷӯҳ  зоҳир  карда  шуд. А.Пабрикс  зикр  намуд, ки  дар  маърӯзаи охирини   гурӯҳи  нозирони  САҲА  дар  Тоҷикистон  ҷараёни  маъракаи  пешазинтихоботӣ танқид  ва  зарурати  гузаронидани  интихоботи  шаффофу   демократӣ  таъкид  карда  шуда буд.  Қайд  карда  шуд, ки  дар ягон   давлати  ҷаҳон   демократияи  мукаммал  ва  самарабахш  вуҷуд  надорад. Вале  мо  бояд  кӯшиш  кунем, ки зимни  гузаронидани  чунин  маъракаҳои  муҳим  принсипҳои  демократия  то  ҳадди  имкон  бештар  риоя  карда  шаванд. Гурӯҳи  намояндагони  САҲА  хулосаҳои  худро  дар  бораи  интихоботи  вакилони  парлумони  Тоҷикистон   баъди  анҷоми  он  пешниҳод  хоҳад  кард,  гуфт  дар  хотима  Артис Пабрикс.  

Февраль 25, 2010 15:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Аз 22 то 24 декабр дар бештари ноҳияҳои Тоҷикистон фаромадани туман ва резиши қирав боқӣ мемонад
Паём — роҳнамои татбиқи идеяҳои низоми давлатдории миллӣ
Ба 10 зани ҳунарманд ва соҳибкори шаҳри Бӯстон гранти раиси шаҳр тақдим карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе бориши борон ва барф дар назар аст