МУЛОҚОТИ ВАЗИРОНИ МОЛИЯИ ИДМ
Душанбе, 26 феврал. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — 25 феврал дар Маскав маҷлиси навбатии Шӯрои фонди зиддибӯҳронии Ҷомеаи иқтисодии Евразия баргузор гардид. Дар маҷлис масъалаи истифодаи маблағҳои муваққатан сарфнашудаи фонд муҳокима карда шуданд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки маблағҳои боқимондаи фонди зиддибӯҳронӣ 863 миллион доллари ИМА – ро ташкил медиҳанд. Дар маҷлис тартиби додани қарз аз ҳисоби маблағҳои фонд тасдиқ карда шуд. Тибқи тартиби муқарраршуда ба мамлакатҳои даромадашон ночиз камаш 10 миллион доллар ва ба мамлакатҳои дараҷаи даромадашон миёна камаш 30 миллион доллари ИМА қарз дода мешавад. Ҷумҳурии Қирғизистон ба фонди мазкур барои гирифтани қарз ба маблағи 160 миллион доллари ИМА ариза дод. Аризаи Қирғизистон дар гурӯҳи коршиносони фонд ва Бонки рушди Евразия муҳокима карда мешавад. Инчунин Арманистон ва Белорусия низ ният доранд, ки аз фонди зиддибӯҳронӣ қарз гиранд. Дар маҷлиси Шӯрои фонди зиддибӯҳронии Ҷомеаи иқтисодии Евразия вазири молияи Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов иштирок дошт. Маҷлиси ояндаи фонд моҳи апрели соли 2010 баргузор мегардад. Дар он аризаҳо барои гирифтани қарз, инчунин масъалаҳои ҷории фаъолияти фонд муҳокима карда мешаванд.








Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд






