МУЛО&#1178ОТИ НАМОЯНДАГОНИ ВАЗОРАТ&#1202ОИ КОР&#1202ОИ ХОРИ&#1206ИИ МАМЛАКАТ&#1202ОИ ОСИЁИ МАРКАЗИ

Февраль 24, 2010 17:18

Душанбе,  24  феврал. (АМИТ «Ховар»,  Наргис  Бояхмедова). —  23  феврал  дар  пойтахти  Туркманистон — шаҳри  Ашқобод   машварати  дуюми  намояндагони  вазоратҳои  корҳои  хориҷии  мамлакатҳои  Осиёи  Марказӣ  бахшида ба  масъалаҳои   омодагӣ  ба  конфронси  байналхалқии  проблемаҳои  халъи  силоҳ   дар  минтақаи Осиёи  Марказӣ ва  ҳавзаи  баҳри  Хазар  баргузор  гардид. Дар  мулоқот   намояндагони вазоратҳои  корҳои  хориҷи ва  намояндагиҳои  дипломатии  Туркманистон, Озарбойҷон, Эрон, Қирғизистон, Қазоқистон, Тоҷикистон,  Ӯзбекистон  ва  Русия  ширкат  варзиданд. Онҳо   лоиҳаи  рӯзномаи  конфронсро  муҳокима  намуданд.   Рӯзномаи  конфронс  масъалаҳои  таҳлили  вазъияти  халъи  силоҳ дар  минтақаҳои  Осиёи  Марказӣ ва ҳавзаи  баҳри  Хазар,  заминаи  байналхалқию  ҳуқуқии   халъи  силоҳ  ва  нақши  созмонҳои  байналхалқӣ   дар  ҳалли  масъалаҳои  халъи  силоҳ  дар  саросари  ҷаҳон  ва  минтақаро  дар  бар  мегирад. Мулоқот  нишон  дод, ки   ҳамаи  давлатҳои  Осиёи  Марказӣ ва  ҳавзаи  баҳри  Хазар  ба  анҷоми  муваффақонаи   конфронси  байналмилалӣ   манфиатдоранд.  Конфронси  мазкур  бояд  дар  маҷмӯи  тадбирҳои  ҷомеаи  ҷаҳон  барои таъмини  амният  ва  вазъияти  босуботи   тамоми   ҷаҳон  омили  муҳим  гардад.  Мухбири  АМИТ «Ховар»  хабар  медиҳад, ки дар  фарҷоми  мулоқот   баёния  қабул  карда шуд.

Февраль 24, 2010 17:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд