МУЛОҚОТИ НАМОЯНДАГОНИ ВАЗОРАТҲОИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ МАМЛАКАТҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗИ
Душанбе, 24 феврал. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — 23 феврал дар пойтахти Туркманистон — шаҳри Ашқобод машварати дуюми намояндагони вазоратҳои корҳои хориҷии мамлакатҳои Осиёи Марказӣ бахшида ба масъалаҳои омодагӣ ба конфронси байналхалқии проблемаҳои халъи силоҳ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва ҳавзаи баҳри Хазар баргузор гардид. Дар мулоқот намояндагони вазоратҳои корҳои хориҷи ва намояндагиҳои дипломатии Туркманистон, Озарбойҷон, Эрон, Қирғизистон, Қазоқистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Русия ширкат варзиданд. Онҳо лоиҳаи рӯзномаи конфронсро муҳокима намуданд. Рӯзномаи конфронс масъалаҳои таҳлили вазъияти халъи силоҳ дар минтақаҳои Осиёи Марказӣ ва ҳавзаи баҳри Хазар, заминаи байналхалқию ҳуқуқии халъи силоҳ ва нақши созмонҳои байналхалқӣ дар ҳалли масъалаҳои халъи силоҳ дар саросари ҷаҳон ва минтақаро дар бар мегирад. Мулоқот нишон дод, ки ҳамаи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ҳавзаи баҳри Хазар ба анҷоми муваффақонаи конфронси байналмилалӣ манфиатдоранд. Конфронси мазкур бояд дар маҷмӯи тадбирҳои ҷомеаи ҷаҳон барои таъмини амният ва вазъияти босуботи тамоми ҷаҳон омили муҳим гардад. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар фарҷоми мулоқот баёния қабул карда шуд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






