МУРОҶИАТИ ЭКОЛОГҲО

Февраль 22, 2010 11:58

Душанбе,  22  феврал. (АМИТ «Ховар», Людмила  Дубинина). – Маҳфили  созмонҳои  ҷамъиятии  экологии Тоҷикистон  ба  унвони  раиси  Кумитаи  ҳифзи  муҳити  зисти  назди  Ҳукумати  Тоҷикистон  Хурсандмурод  Зикиров  муроҷиатнома  фиристода,  аз  фаъолияти  корхонаҳои  коркарди  фулузоти  дохили  шаҳри  Душанбе  изҳори ташвиш  намуданд. Дар  муроҷиатнома  гуфта  мешавад, ки  дар  фаъолияти  корхонаҳои  коркарди  фулузоти  шаҳр  меъёрҳои  экологӣ   риоя  карда  намешавад. Созмонҳои  ҷамъиятии экологӣ  аз  ташкили  комиссияи  махсус  барои  тафтиши  фаъолияти  чунин  корхонаҳо  изҳори  қаноатмандӣ   менамоянд. Қайд  карда  мешавад, ки  ин  иқдом  барои  андешидани  тадбирҳои  амалӣ  ва  ҳамкорӣ  дар  масъалаи  ҳифзи  муҳити  зист  аҳамияти  калон  дорад. Дар  муроҷиатнома  пешниҳод  карда  мешавад, ки  ҳисоботи  комиссияи  Кумитаи  ҳифзи  муҳити  зисти  назди  ҳукумати  ҷумҳурӣ  дар  масъалаи   фаъолияти   корхонаҳои  коркарди  фулузот   ба   маҳфили  созмонҳои  ҷамъиятии  экологӣ   пешниҳод  карда  шавад. Лоиҳаи  қонун   дар  бораи  ворид  сохтани тағйироту  иловаҳо  ба қонун «Дар  бораи  додани иҷозат  ба  баъзе  намудҳои  фаъолият» бо  мақсади бартараф  сохтани  камбудиҳои  қонунгузории  соҳаи  коркарди  фулузот  ба  Маҷлиси  намояндагон  пешниҳод  карда  шавад. 

Февраль 22, 2010 11:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд
Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд
«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид