МУСОБИҚАИ ҲАРБИ-ВАРЗИШИИ «ҲОМИИ ВАТАН»
Суғд, 19 феврал. (Самад Юсуфӣ,Мирзалӣ Амонов).-Тибқи нақшаи чорабиниҳои Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд бо мақсади тарбия намудани ҷавонон дар руҳияи ватанпарастию ифтихори миллӣ, ҷалби ҷавонон ба варзиш, тақвими ягонаи чорабиниҳои оммавӣ, варзишӣ, солимгардонӣ ва иштирок дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ, байналмилалӣ дар соли 2010 аз санаи 6 то 18 феврали соли 2010 дар варзишгоҳи «Чавгонбозӣ» — и маркази вилоят мусобиқаи ҳарби-варзишии «Ҳомии Ватан» бахшида ба 17-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Бояд қайд намуд, ки имрӯз мусобиқаи ҳарби-варзишии «Ҳомии Ватан» бо иштироки сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд Рустамҷон Ғиёсов ҷамъбаст гардида, ғолибони мусобиқа муайян гардиданд: ҷои якум насиби дастаи Раёсати вилоятии Кумитаи амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷои дуюм насиби дастаи Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд ва ҷои сеюм насиби ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи вилояти Суғд гардид. Аз ҷониби Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд ба ғолибони мусобиқа тӯҳфаю ифтихорномаҳо қадрдонӣ карда шуданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






