МУСОБИҚАИ ҲАРБИ-ВАРЗИШИИ «ҲОМИИ ВАТАН»

Февраль 19, 2010 12:21

 Суғд, 19 феврал. (Самад Юсуфӣ,Мирзалӣ Амонов).-Тибқи нақшаи чорабиниҳои Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд бо мақсади тарбия намудани ҷавонон дар руҳияи ватанпарастию ифтихори миллӣ, ҷалби ҷавонон ба варзиш, тақвими ягонаи чорабиниҳои оммавӣ, варзишӣ, солимгардонӣ ва иштирок дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ, байналмилалӣ дар соли 2010 аз санаи 6 то 18 феврали соли 2010 дар варзишгоҳи «Чавгонбозӣ» — и маркази вилоят мусобиқаи ҳарби-варзишии «Ҳомии Ватан» бахшида ба 17-солагии  таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.  Бояд қайд намуд, ки имрӯз мусобиқаи ҳарби-варзишии «Ҳомии Ватан» бо иштироки сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд Рустамҷон Ғиёсов ҷамъбаст гардида, ғолибони мусобиқа муайян гардиданд: ҷои якум насиби дастаи Раёсати вилоятии Кумитаи амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷои дуюм насиби дастаи Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд ва ҷои сеюм насиби ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи вилояти Суғд гардид.    Аз ҷониби Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд ба ғолибони мусобиқа тӯҳфаю ифтихорномаҳо қадрдонӣ карда шуданд.

Февраль 19, 2010 12:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид