МУСОБИҚАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ШОҲМОТ АНҶОМ МЕЁБАД
Душанбе, 17 феврал. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). — Имрӯз дар шаҳри Маскав мусобиқаи 9 – уми кушоди «Аэрофлот – 2010» ба охир мерасад. Тавре хабар дода шуда буд, дар ин мусобиқа шоҳмотбозони тоҷик Фаррух Амонатов ва Соҳиб Ҷӯраев иштирок доранд. Ф.Амонатов қабл аз қувваозмоии охирин 4 хол ва С.Ҷӯраев 3 хол ба даст оварданд. Имрӯз Фаррух Амонатов бо шоҳмотбози Русия Павел Малетин ва Соҳиб Ҷӯраев бо шоҳмотбози дигари Русия Шамил Арслонов қувваозмоӣ мекунанд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки Ф.Амонатов аз рӯи ҳисоби умумӣ дар байни 80 иштирокчии мусобиқа ҷои 40 – ум ва С.Ҷӯраев ҷои 52 – умро иштиғол менамоянд.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






