МУСОБИҚАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ШОҲМОТ АНҶОМ МЕЁБАД

Февраль 17, 2010 10:27

Душанбе,  17  феврал. (АМИТ «Ховар», Пайрав  Назаров). —  Имрӯз  дар  шаҳри  Маскав  мусобиқаи  9 – уми  кушоди «Аэрофлот – 2010»  ба  охир  мерасад. Тавре  хабар дода шуда буд,  дар  ин  мусобиқа  шоҳмотбозони тоҷик  Фаррух  Амонатов ва  Соҳиб  Ҷӯраев  иштирок  доранд.  Ф.Амонатов  қабл  аз  қувваозмоии  охирин  4  хол  ва  С.Ҷӯраев  3  хол  ба даст оварданд. Имрӯз  Фаррух  Амонатов бо  шоҳмотбози  Русия  Павел  Малетин  ва  Соҳиб  Ҷӯраев бо  шоҳмотбози  дигари Русия  Шамил  Арслонов  қувваозмоӣ  мекунанд. Мухбири  АМИТ «Ховар»  хабар  медиҳад, ки  Ф.Амонатов аз  рӯи  ҳисоби  умумӣ  дар  байни  80  иштирокчии  мусобиқа  ҷои  40 – ум ва  С.Ҷӯраев  ҷои  52 – умро  иштиғол  менамоянд.  

Февраль 17, 2010 10:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид