МУСОБИҚАИ ВИЛОЯТӢ ОИД БА ФУТБОЛИ ХУРД ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

Февраль 28, 2010 14:12

           Сугд, 28 феврал.(АМИТ «Ховар», Самад Юсуфӣ, Мирзалӣ Амонов).- Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд дар асоси нақшаи чорабиниҳои худ бо мақсади тарбия намудани ҷавонон дар рӯҳияи ватанпарастию ифтихори миллӣ, ҷалби ҷавонон ба варзиш аз санаи 20 то 25 феврали соли 2010 дар варзишгоҳи «Чавгонбозӣ»-и шаҳри Хуҷанд мусобиқаи вилоятӣ оид ба футболи хурд байни дастаҳои мактабҳои олӣ ва миёнаи махсуси вилоят бахшида ба Соли маориф ва фарханги техникӣ» баргузор гардид.         Дар мусобиқаи мазкур Сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд Рустамҷон Ғиёсов иштирок намуда, афзуд, ки Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят тасмим гирифтааст, ки ҳар моҳ байни дастаҳои мактабҳои олӣ ва миёнаи махсуси вилоят як намуди мусобиқа ба нақша гирифта шуда, баргузор мегардад.       Тули панч рӯз дастаҳои мактабҳои олӣ ва миёнаи махсуси вилоят байни ҳам қувваозмоӣ намуда, ниҳоят ба даври финалӣ расиданд.       Ҷои аввал насиби Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, ҷои дуюм насиби Донишгоҳи кӯҳи-металлургии шаҳри Чкалов, ҷои сеюм насиби филиали Хуҷандии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон гардид.       Бояд тазаккур дод, ки ҳамаи голибон ва ҳар як ҳайати даста бо диплому медалҳои Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят қадрдонӣ карда шуданд.  

Февраль 28, 2010 14:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд