МУСОБИҚАИ ВИЛОЯТӢ ОИД БА ФУТБОЛИ ХУРД ҶАМЪБАСТ ГАРДИД
Сугд, 28 феврал.(АМИТ «Ховар», Самад Юсуфӣ, Мирзалӣ Амонов).- Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд дар асоси нақшаи чорабиниҳои худ бо мақсади тарбия намудани ҷавонон дар рӯҳияи ватанпарастию ифтихори миллӣ, ҷалби ҷавонон ба варзиш аз санаи 20 то 25 феврали соли 2010 дар варзишгоҳи «Чавгонбозӣ»-и шаҳри Хуҷанд мусобиқаи вилоятӣ оид ба футболи хурд байни дастаҳои мактабҳои олӣ ва миёнаи махсуси вилоят бахшида ба Соли маориф ва фарханги техникӣ» баргузор гардид. Дар мусобиқаи мазкур Сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд Рустамҷон Ғиёсов иштирок намуда, афзуд, ки Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят тасмим гирифтааст, ки ҳар моҳ байни дастаҳои мактабҳои олӣ ва миёнаи махсуси вилоят як намуди мусобиқа ба нақша гирифта шуда, баргузор мегардад. Тули панч рӯз дастаҳои мактабҳои олӣ ва миёнаи махсуси вилоят байни ҳам қувваозмоӣ намуда, ниҳоят ба даври финалӣ расиданд. Ҷои аввал насиби Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, ҷои дуюм насиби Донишгоҳи кӯҳи-металлургии шаҳри Чкалов, ҷои сеюм насиби филиали Хуҷандии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон гардид. Бояд тазаккур дод, ки ҳамаи голибон ва ҳар як ҳайати даста бо диплому медалҳои Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят қадрдонӣ карда шуданд.








Дар Тоҷикистон 11 лоиҳаи сармоягузорӣ дар соҳаи роҳу нақлиёт ба маблағи беш аз 1,1 миллиард доллар амалӣ мегардад
ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ТАҲКИМИ СУЛҲ. Амнияту субот омили асосии рушди устувори давлатҳо ва зиндагии шоистаи инсоният ба ҳисоб меравад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
13 июл дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Камтар гап мезанем, бештар менависем: чӣ гуна завқи муштариён тағйир меёбад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
«КИШВАРИ САБЗ». Соли 2026 дар Тоҷикистон беш аз 3,7 миллион ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва сояафкану ороишӣ шинонида шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад






