НАМОИШГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР БРЮССЕЛ

Февраль 12, 2010 16:30

Душанбе,  12  феврал. (АМИТ «Ховар»,Наргис  Бояхмедова). —  Сафорати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дар  Белгия  бори  аввал   дар  шаҳри Брюссел  таҳти  унвони «Тоҷикистон – боми  ҷаҳон»  намоишгоҳ  ташкил  намуд. Аз  дафтари  матбуоти  ВКХ Тоҷикистон  ба  АМИТ «Ховар»  хабар  доданд, ки  ҳадафи  кушодани  намоишгоҳ  муаррифии  Тоҷикистон  ба  халқҳои  ҷаҳон,  додани  маълумот  дар  бораи   сохтори  сиёсӣ,  таърих  ва  тамаддуну  фарҳанги  имрӯзаю  ояндаи  халқи тоҷик  мебошад. Дар  маросими  ифтитоҳи  намоишгоҳ  муаррифии Парчам  ва  Нишони  миллии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  баргузор  гардид. Дар намоишгоҳ   асарҳои  гуногуни  Президенти  мамлакат Эмомалӣ  Раҳмон  ва  олимони тоҷик  пешкаши тамошобинон  гардонида  мешавад. Як  қисми  намоишгоҳро   асарҳои  рассомони тоҷик  оро  медиҳанд. Тамошобинон  зимни  тамошои  намоишгоҳ бо роҳҳои туристии Тоҷикистон,  меҳмонхонаҳои  он,  муассисаҳои  хизматрасонӣ  ба  сайёҳон  ва  ғайра  шинос  мешаванд.

Февраль 12, 2010 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад