НАМОИШГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР БРЮССЕЛ
Душанбе, 12 феврал. (АМИТ «Ховар»,Наргис Бояхмедова). — Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Белгия бори аввал дар шаҳри Брюссел таҳти унвони «Тоҷикистон – боми ҷаҳон» намоишгоҳ ташкил намуд. Аз дафтари матбуоти ВКХ Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки ҳадафи кушодани намоишгоҳ муаррифии Тоҷикистон ба халқҳои ҷаҳон, додани маълумот дар бораи сохтори сиёсӣ, таърих ва тамаддуну фарҳанги имрӯзаю ояндаи халқи тоҷик мебошад. Дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳ муаррифии Парчам ва Нишони миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар намоишгоҳ асарҳои гуногуни Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва олимони тоҷик пешкаши тамошобинон гардонида мешавад. Як қисми намоишгоҳро асарҳои рассомони тоҷик оро медиҳанд. Тамошобинон зимни тамошои намоишгоҳ бо роҳҳои туристии Тоҷикистон, меҳмонхонаҳои он, муассисаҳои хизматрасонӣ ба сайёҳон ва ғайра шинос мешаванд.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Рустами Эмомалӣ аз ҷойҳои таърихию муқаддаси шаҳри бостонии Бухоро боздид намуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон ҳамоиши идона доир шуд






