НАМОИШИ МУШТАРАКИ МУСТАҚИМИ ТЕЛЕВИЗИОНИИ ТОҶИКИСТОНУ ЭРОН

Февраль 3, 2010 14:33

Душанбе,  3 феврал. (АМИТ «Ховар», Таҳмина  Ғоибназарова). —   Вазири  фарҳанги  Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ   имрӯз  бо  ҳайати  кормандони  муассисаҳои  фарҳангии  Ҷумҳурии  Исломии  Эрон таҳти  роҳбарии   муовини  сардори  дастгоҳи  Президенти  ин  мамлакат  Муҳаммад  Алӣ Зӯҳраӣ мулоқот  кард.  Намояндагони Эрон  бо  мақсади   ташкили  гурӯҳи  корӣ  барои  таҳияи  барномаҳои  ҳамкории  фарҳангӣ  ба  Тоҷикистон  ташриф  овардаанд. Дар  мулоқот  сафири  Эрон  дар  Тоҷикистон Алиасғар Амир  Шеърдӯст  иштирок  дошт. Ҳайати  Эрон  дар  бобати  вусъат  додани  доираи  ҳамкории  фарҳангӣ бо   Тоҷикистон  пешниҳодҳои  худро  ба  миён  гузошт. Аз  ҷумла,  пешниҳод  шуд, ки  шабакаи  муштараки  телевизионии  Тоҷикистону  Эрон  ташкил  карда шавад.  Қайд  карда  шуд, ки  рӯзҳои  таҷлили  иди  Наврӯз, ки  имсол  дар  шаҳри  Шероз  ҷашн  гирифта  мешавад, байни  студияҳои телевизионии  Эрон  ва  Тоҷикистон  хати  мустақими  алоқа  кушода  хоҳад  шуд. Ҷараёни  таҷлили иди Наврӯз  дар  шаҳри  Шероз  ба  воситаи  телевизион  ҳам дар  Эрон  ва  ҳам дар  Тоҷикистон  намоиш  дода мешавад. Намояндагони  Эрон  пешниҳод  карданд, ки  киносозони  ҳар  ду  кишвар   дар   офаридани  филмҳои бадеии  бисёрсериягӣ  ҳамкорӣ кунанд. Эрон ба  Тоҷикистон инчунин  дар  бобати тайёр  намудани  кадрҳои  варзидаи  соҳаи  фарҳанг  кӯмак  расонида  метавонад. Таъкид  шуд, ки  дар  рушди  равобити  фарҳангии  ҳар  ду  кишвар  воситаҳои  ахбори оммавӣ  нақши  муҳим  мебозанд. Вобаста ба  ин  пешниҳод  карда  шуд, ки  нашрияи  муштарак  таъсис  дода,  дар  ҳудуди  ҳар  ду  мамлакат  паҳн  карда  шавад. М.Зӯҳраӣ   изҳор  намуд, ки  10 – 12  сол  пеш  шумораи  хеле  ками  аҳолии  Эрон  дар  бораи  Тоҷикистон маълумоти  зарурӣ  дошт,  ҳоло  бештар  аз  50  фоизи  аҳолии  мамлакат  аз  дастовардҳои  Тоҷикистон  дар  соҳаҳои  гуногуни  иқтисодиёт ба  хубӣ  огоҳанд.

Февраль 3, 2010 14:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар минтақаҳои доманакӯҳии ноҳияҳои тобеи Тоҷикистон сар задани сел пешгӯӣ мешавад
Сокини ноҳияи Кӯшониён аз ҳар қуттӣ кирмак то 35 килограмм пилла ба даст меорад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон рӯзона борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар шаҳри Бӯстон доир ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки иҷтимоӣ бо соҳибкорон вохӯрӣ баргузор шуд
Дар даҳсолаи охир дар ҷаҳон шумораи одамони бо гуруснагии фалокатбор рӯбарӯ нуҳ маротиба афзоиш ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Озмуни ҷумҳуриявии «Ҷавонон муқобили коррупсия» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе маркази муосири телефонҳои мобилӣ ва фурӯши чиптаҳои ҳавопаймоии «Real Phone» ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад