НАМОЯНДАГОНИ СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР НОҲИЯИ ҲИСОР

Февраль 28, 2010 14:36

           Душанбе, 28 феврал. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова). — Раиси комиссияи ҳавзавии интихоботии № 7 – и Ҳисор Марҳабо Икромова ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, ки то соати даҳ 21 фоизи интихобкунандагон дар маъракаи овоздиҳӣ ширкат варзид. Дар ин ҷо бештар аз 23 ҳазор интихобкунанда ба қайд гирифта шудааст.            М.Икромова зикр намуд, ки ҷараёни овоздиҳиро намояндагони созмонҳои минтақавию байналхалқӣ, аз ҷумла, Дафтари сохторҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони Созмони амнияту ҳамкории Аврупо, ИДМ, Созмони ҳамкории Шанхай ва теъдоди зиёди нозирони маҳаллӣ назорат мекунанд. Онҳо то соати 10 дар ҷараёни овоздиҳӣ ягон камбудӣ ё қонуншиканиро ба қайд нагирифтаанд.Ҳавзаи интихоботии № 7 ноҳияи Ҳисор 68 қитъаи интихоботӣ дорад, дар онҳо бештар аз 107 ҳазор интихобкунанда ба қайд гирифта шудааст.             Дар ҳавзаи интихоботии мазкур се нафар номзади вакили Маҷлиси намояндагон – Аброриддин Аловиддинов аз Ҳизби коммунист, Абдунабӣ Бердиев аз Ҳизби наҳзати исломӣ ва Шарофиддин Сироҷов аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ номзад пешбарӣ шудаанд.

Февраль 28, 2010 14:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд