НАМОЯНДАГОНИ СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР НОҲИЯИ ҲИСОР
Душанбе, 28 феврал. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова). — Раиси комиссияи ҳавзавии интихоботии № 7 – и Ҳисор Марҳабо Икромова ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, ки то соати даҳ 21 фоизи интихобкунандагон дар маъракаи овоздиҳӣ ширкат варзид. Дар ин ҷо бештар аз 23 ҳазор интихобкунанда ба қайд гирифта шудааст. М.Икромова зикр намуд, ки ҷараёни овоздиҳиро намояндагони созмонҳои минтақавию байналхалқӣ, аз ҷумла, Дафтари сохторҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони Созмони амнияту ҳамкории Аврупо, ИДМ, Созмони ҳамкории Шанхай ва теъдоди зиёди нозирони маҳаллӣ назорат мекунанд. Онҳо то соати 10 дар ҷараёни овоздиҳӣ ягон камбудӣ ё қонуншиканиро ба қайд нагирифтаанд.Ҳавзаи интихоботии № 7 ноҳияи Ҳисор 68 қитъаи интихоботӣ дорад, дар онҳо бештар аз 107 ҳазор интихобкунанда ба қайд гирифта шудааст. Дар ҳавзаи интихоботии мазкур се нафар номзади вакили Маҷлиси намояндагон – Аброриддин Аловиддинов аз Ҳизби коммунист, Абдунабӣ Бердиев аз Ҳизби наҳзати исломӣ ва Шарофиддин Сироҷов аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ номзад пешбарӣ шудаанд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






