НАТИҶАҲОИ МУСОБИҚАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ШОҲМОТБОЗОН
Душанбе, 19 феврал. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). — Дар пойтахти Русия мусобиқаи 9 – уми кушоди байналмилалии шоҳмотбозон ба охир расид, ки ташкилкунандаи он «Аэрофлот» мебошад. Аз Тоҷикистон дар мусобиқаи мазкур шоҳмотбозон Фаррух Амонатов ва Соҳиб Ҷӯраев иштирок намуданд. Ф.Амонатов аз 9 холи имконпазир 5 хол ба даст оварда, ҷои 37 – умро ишғол намуд. С.Ҷӯраев бо 3 хол дар байни 66 иштирокчии мусобиқа ҷои 62 –юмро ишғол кард. Дар гурӯҳи «А-1», ки Ф.Амонатов ба он шомил гардида буд, шоҳмотбози ветнамӣ Ле Куанг ҷои аввалро ишғол намуд. Дар гурӯҳи «А-2», ки Соҳиб Ҷӯраев дар он бозӣ мекард, шоҳмотбози рус Алексей Придорожний ғолиб омад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






