НАТИҶАҲОИ МУСОБИҚАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ШОҲМОТБОЗОН

Февраль 19, 2010 11:26

Душанбе,  19  феврал. (АМИТ «Ховар»,  Пайрав  Назаров). —  Дар  пойтахти  Русия  мусобиқаи  9 – уми кушоди  байналмилалии  шоҳмотбозон ба охир  расид, ки ташкилкунандаи он «Аэрофлот» мебошад.  Аз  Тоҷикистон  дар  мусобиқаи  мазкур  шоҳмотбозон  Фаррух  Амонатов ва  Соҳиб  Ҷӯраев  иштирок  намуданд. Ф.Амонатов  аз 9  холи  имконпазир  5  хол ба  даст  оварда, ҷои  37 – умро  ишғол  намуд. С.Ҷӯраев  бо  3  хол  дар  байни  66  иштирокчии  мусобиқа  ҷои  62 –юмро  ишғол  кард. Дар  гурӯҳи «А-1», ки  Ф.Амонатов ба он  шомил  гардида  буд,  шоҳмотбози  ветнамӣ Ле Куанг  ҷои  аввалро  ишғол  намуд.  Дар гурӯҳи «А-2», ки   Соҳиб  Ҷӯраев  дар он  бозӣ  мекард, шоҳмотбози  рус  Алексей  Придорожний  ғолиб  омад.

Февраль 19, 2010 11:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад