НАВРӮЗ ИДИ БАЙНАЛХАЛҚӢ ГАРДИД

Февраль 24, 2010 16:32

Душанбе,  24  феврал. (АМИТ «Ховар», Дилшода  Ҷонмардова). —  23  феврал  дар  иҷлосияи  навбатии  64 – уми  Маҷмаи кулли  Созмони  Милали  Муттаҳид  дар  доираи  банди 49  рӯзномаи он   таҳти  унвони  «Фарҳанги  ҷаҳон» бо  аксарияти овозҳо   дар  мавзӯи «Рӯзи байналмилалии  Наврӯз» қатънома  қабул  карда шуд. Лоиҳаи қатъномаро  ҳайати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ҳамроҳи  намояндагони  Озарбойҷон,  Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Эрон,  Туркманистон  ва  Туркия  тайёр  карда, ба  Маҷмаи  кулли  СММ пешниҳод  намуд. Дар  қатънома  гуфта  мешавад, ки Маҷмаи  кулли СММ  21  мартро  ҳамчун  Рӯзи байналхалқии  Наврӯз эътироф  карда,  ҷидду  ҷаҳди   давлатҳоеро, ки дар онҳо иди  Наврӯз   таҷлил  карда  мешавад,  дар  бобати   нигоҳ  доштан  ва  инкишоф  додани  фарҳангу  анъанаҳои  вобаста ба  Наврӯз  маъқул  дониста,  давлатҳои  аъзои  созмонро  даъват  менамояд, ки  дар  бораи  Наврӯз  бештар  маълумот  пахш  намуда, дар  мавриди  зарурат  барои  таҷлили  иди Наврӯз  тадбирҳо  андешанд. Инчунин   давлатҳои  аъзои Созмони  милал, ки  Наврӯзро ҷашн  мегиранд,   даъват  карда  мешаванд,  ки таърихи  пайдоиш  ва  анъанаҳои  идро  бо  мақсади  паҳн  намудани  маълумот  дар  бораи  Наврӯз  дар  байни  мамлакатҳои  ҷаҳон   омӯзанд  ва  таҳқиқ  намоянд. Созмони  милал  ба давлатҳои   манфиатдор, инчунин  ба  муассисаҳои  дахлдори   махсусгардонидашудаи  худ,  фондҳо,   барномаҳо,  пеш  аз  ҳама  ба  Муассисаи  СММ  дар  масъалаҳои  маориф,  илм  ва  фарҳанг (ЮНЕСКО),   созмонҳои  манфиатдори  байналхалқию  минтақавӣ,  инчунин  созмонҳои  ғайридавлатӣ ва  ғайритиҷоратӣ  пешниҳод  менамояд, ки  дар  тадбирҳои  вобаста ба  иди  Наврӯз  дар  давлатҳои  аъзои  созмон  иштирок  намоянд. Наврӯз мафҳуми тоҷикӣ буда,  маънои «Рӯзи нав» — ро  ифода  мекунад.  Наврӯзро  миллионҳо  нафар  сокинони   сайёра  ҳамчун   оғози  соли  нав  ва бедоршавии табиат   ҷашн  мегиранд. Наврӯз  рамзи  бедоршавии  табиат,  оғози  кишти  зироат  ва  тавлиди  ҷаҳони  нав  мебошад. Дар он  ваҳдати  мероси   фарҳангӣ  ва  анъанаҳои  бисёрасраи  халқҳои  ҷаҳон  ифода  ёфтааст.  Наврӯз  дар  таҳкими  равобити  халқҳо  дар  заминаи  эҳтироми  ҳамдигар   татбиқи  ғояҳои  сулҳ  ва  ҳусни  ҳамҷаворӣ  нақши  бузург мебозад. Аз  тарафи  Маҷмаи  кулли  СММ   ҳамчун  Рӯзи  байналхалқии  Наврӯз  эътироф  гардидани  21  март   бояд   дар  равнақу  ривоҷи  ҳусни тафоҳуми  байни  миллатҳо,  эҳтироми  ҳамдигар,  таҳкими  сулҳу  созгории  халқҳо   нақши  арзанда  гузорад.

Февраль 24, 2010 16:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад