НАВРӮЗ ИДИ БАЙНАЛХАЛҚӢ ГАРДИД
Душанбе, 24 феврал. (АМИТ «Ховар», Дилшода Ҷонмардова). — 23 феврал дар иҷлосияи навбатии 64 – уми Маҷмаи кулли Созмони Милали Муттаҳид дар доираи банди 49 рӯзномаи он таҳти унвони «Фарҳанги ҷаҳон» бо аксарияти овозҳо дар мавзӯи «Рӯзи байналмилалии Наврӯз» қатънома қабул карда шуд. Лоиҳаи қатъномаро ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳи намояндагони Озарбойҷон, Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Эрон, Туркманистон ва Туркия тайёр карда, ба Маҷмаи кулли СММ пешниҳод намуд. Дар қатънома гуфта мешавад, ки Маҷмаи кулли СММ 21 мартро ҳамчун Рӯзи байналхалқии Наврӯз эътироф карда, ҷидду ҷаҳди давлатҳоеро, ки дар онҳо иди Наврӯз таҷлил карда мешавад, дар бобати нигоҳ доштан ва инкишоф додани фарҳангу анъанаҳои вобаста ба Наврӯз маъқул дониста, давлатҳои аъзои созмонро даъват менамояд, ки дар бораи Наврӯз бештар маълумот пахш намуда, дар мавриди зарурат барои таҷлили иди Наврӯз тадбирҳо андешанд. Инчунин давлатҳои аъзои Созмони милал, ки Наврӯзро ҷашн мегиранд, даъват карда мешаванд, ки таърихи пайдоиш ва анъанаҳои идро бо мақсади паҳн намудани маълумот дар бораи Наврӯз дар байни мамлакатҳои ҷаҳон омӯзанд ва таҳқиқ намоянд. Созмони милал ба давлатҳои манфиатдор, инчунин ба муассисаҳои дахлдори махсусгардонидашудаи худ, фондҳо, барномаҳо, пеш аз ҳама ба Муассисаи СММ дар масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО), созмонҳои манфиатдори байналхалқию минтақавӣ, инчунин созмонҳои ғайридавлатӣ ва ғайритиҷоратӣ пешниҳод менамояд, ки дар тадбирҳои вобаста ба иди Наврӯз дар давлатҳои аъзои созмон иштирок намоянд. Наврӯз мафҳуми тоҷикӣ буда, маънои «Рӯзи нав» — ро ифода мекунад. Наврӯзро миллионҳо нафар сокинони сайёра ҳамчун оғози соли нав ва бедоршавии табиат ҷашн мегиранд. Наврӯз рамзи бедоршавии табиат, оғози кишти зироат ва тавлиди ҷаҳони нав мебошад. Дар он ваҳдати мероси фарҳангӣ ва анъанаҳои бисёрасраи халқҳои ҷаҳон ифода ёфтааст. Наврӯз дар таҳкими равобити халқҳо дар заминаи эҳтироми ҳамдигар татбиқи ғояҳои сулҳ ва ҳусни ҳамҷаворӣ нақши бузург мебозад. Аз тарафи Маҷмаи кулли СММ ҳамчун Рӯзи байналхалқии Наврӯз эътироф гардидани 21 март бояд дар равнақу ривоҷи ҳусни тафоҳуми байни миллатҳо, эҳтироми ҳамдигар, таҳкими сулҳу созгории халқҳо нақши арзанда гузорад.








Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад






