НИШАСТИ АНЪАНАВӢ ДАР ДУШАНБЕ
Душанбе, 18 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Ҳамасола дар саросари ҷаҳон бо қарори Ассамблеяи генералии ЮНЕСКО 21 феврал Рӯзи байналмилалии забони модарӣ таҷлил карда мешавад. Ба ин муносибат 19 феврал дар Душанбе бо ибтикори Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО дар ҳамкорӣ бо ҷамъиятҳои миллии муқими Тоҷикистон нишасти анъанавӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии забони модарӣ ташкил карда мешавад. Назар ба иттилоъи мушовири Комиссияи миллии Ҷумҳуроии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО Сӯҳроб Мирзоалиев, Рӯзи байналмилалии забони модарӣ аз соли 2005 –ум инҷониб дар Тоҷикистон таҷлил карда мешавад. Дар нишасти анъанавӣ, ки 19 феврал таҳти унвони «Нақши забони давлатӣ дар ҳимояи забонҳои модарии ақаллиятҳои миллӣ» баргузор мегардад, масъулини Бунёди забони тоҷикӣ, Кумитаи забон ва истилоҳот, Ҷамъияти «Пайванд» ва намояндагони ҷамъиятҳои миллии муқими Тоҷикистон ширкат намуда, масъалаҳои марбут ба рушди забонҳои модарии гуногунро дар Тоҷикистон баррасӣ мекунанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






