НИШАСТИ МАТБУОТИИ КОНСУЛИ ГЕНЕРАЛИИ РУСИЯ ДАР ХУҶАНД

Февраль 11, 2010 10:05

Хуҷанд,  11  феврал. (АМИТ «Ховар», Санавбар  Мақсудова). —  Консули  генералии  Федератсияи  Русия  дар  Хуҷанд  Азим  Ёраҳмадов  10  феврал барои   хабарнигорон   нишасти  матбуотӣ  ташкил  намуд. Вай  қайд  кард,  ки  соли  2009   барои  Русия ва  Тоҷикистон дар  бобати  ҳамкорӣ  дар  соҳаҳои  гуногун  хеле  бобарору   самарабахш  буд.  Аз  ҷумла,  соли  гузашта  дар  Тоҷикистон  Нерӯгоҳи барқи  обии  «Сангтӯда»  ба  истифода дода шуд, ки бо   сармояи  Русия  сохта  шуд.  Барои  сохтмони  нерӯгоҳ  қариб  1  миллиард  доллари  ИМА  сарф  гардид. Инчунин   соли  гузашта  президентҳои  Федератсияи  Русия  Дмитрий  Медведев  ва  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Эмомалӣ  Раҳмон  ба  мамлакатҳои  ҳамдигар  сафар  карданд. Дар  ҷараёни  ин  сафарҳо  ҳуҷҷатҳои расмии  ҳамкорӣ  имзо  шуданд. Пешбинӣ  карда  мешавад, ки  соли равон  байни  Тоҷикистону  Русия  дар  бораи  сохтмони  се  нерӯгоҳи  барқи  обӣ — 2  нерӯгоҳ  дар  қисмати  ҷанубии  мамлакат  ва  як  нерӯгоҳ  дар   дарёи  Зарафшон  имзо  карда  хоҳанд  шуд. Соли  2009  Вазорати  маорифи Федератсияи  Русия  ва   консули  генералии  Русия  дар  Хуҷанд   206  нафар   хатмкунандаи   мактабҳои  миёнаи  вилояти  Суғдро  ба  мактабҳои олии  Русия  фиристоданд.  Ҷавонони  тоҷик  ҳоло  дар   мактабҳои олии энергетикӣ  ва ихтисосҳои марбут ба  истихроҷи  нафту  газ  таҳсил  мекунанд.  Консулхонаи  генералии  Русия  соли гузашта  ба  мактабҳои  вилояти  Суғд  зиёда  аз  30  ҳазор  ҷилд  китоб  тӯҳфа  кард.  Бо  роҳхатҳои  консулхона  120   нафар   фарзандони оилаҳои  камбизоат  дар   истироҳатгоҳи  тобистонаи «Орлёнок»  ва  7  нафар  талабаи  беҳтарин  дар   истироҳатгоҳҳои  Русия  истироҳат  карданд. Консулхонаи  Русия  соли  2010 дар  вилояти  Суғд  ба  муносибати  65 – солагии  ғалаба   дар  Ҷанги  Бузурги  Ватанӣ  силсилаи тадбирҳоро  амалӣ  месозад. А.Ёраҳмадов   зикр  намуд, ки  ҳоло  дар  вилояти  Суғд  19  корхонаи  муштараки  Тоҷикистону  Русия  кор  мекунад.Аз  вилояти  Суғд  ба  Русия  асосан   меваи  хушк,  навъҳои гуногуни  консерва  ва  пахта  фиристода,   аз  Русия ба  вилоят  сӯзишворӣ,  масолеҳи  сохтмон,  техника  ва  ғайра  ворид  карда  мешавад. Консули  генералии  Русия  дар  ҷавоби  саволи  хабарнигорон  роҷеъ  ба   мактуби  сарвазири  Ӯзбекистон  ба  унвони   сарвазири  Тоҷикистон  чунин  изҳор  намуд: Ман  на  ҳамчун  консули  генералӣ,  балки   ҳамчун  шахсе, ки  чандин  сол  боз  дар  Тоҷикистон  зиндагӣ  кардааст,   чунин  мешуморам, ки  изҳороти  сарвазири  Ӯзбекистон  мазмуни  дипломатӣ  надорад.  Тавре  ки  маълум  аст,  ҳамсояҳоро  интихоб  намекунанд,  зеро  ҳамсояҳо  атои  худованд  мебошанд. Тоҷикон  ва  ӯзбекҳо  аз  замонҳои  қадим  ҳамсояҳои наздик  ва  хешу табори  ҳамдигаранд. Барои  ҳалли  проблемаҳои онҳо тарафи  сеюм   лозим  нест. Ин  ду  халқи  бародар  бояд  роҳи  гуфтушунидро  пеш  гирифта,  ба  ҳамдигар  гузашт  кунанд. Боварӣ  дорам, ки бо  ин  роҳ  ҳар гуна  масъаларо  ҳал  кардан  мумкин  аст.

Февраль 11, 2010 10:05

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАЪТИЛИ ТОБИСТОНА. Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон барои наврасону ҷавонон маҳфилҳои омӯзишӣ баргузор мешаванд
Дар Тоҷикистон 11 лоиҳаи сармоягузорӣ дар соҳаи роҳу нақлиёт ба маблағи беш аз 1,1 миллиард доллар амалӣ мегардад
ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ТАҲКИМИ СУЛҲ. Амнияту субот омили асосии рушди устувори давлатҳо ва зиндагии шоистаи инсоният ба ҳисоб меравад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
13 июл дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Камтар гап мезанем, бештар менависем: чӣ гуна завқи муштариён тағйир меёбад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Пагоҳ дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«КИШВАРИ САБЗ». Соли 2026 дар Тоҷикистон беш аз 3,7 миллион ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва сояафкану ороишӣ шинонида шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад