НИШАСТИ МАТБУОТИИ САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

Февраль 11, 2010 15:38

Душанбе,  11  феврал. (АМИТ «Ховар»,  Наргис  Бояхмедова). —  Сафири  Ҷумҳурии  Қазоқистон  Абӯтолиб  Аҳмадов  11  феврал дар  Душанбе   барои  хабарнигорон  нишасти  матбуотӣ  ташкил  намуд.  Вай   зикр намуд, ки  Қазоқистон  ҳамчун  раиси  Созмони  амнияту  ҳамкории  Аврупо  ҳамаи  масъалаҳои  марбут ба  минтақаи  Осиёи  Марказӣ,  аз  ҷумла, масъалаҳои нақлиёт,  экология  ва истифодаи обро  баррасӣ  хоҳад  намуд.  Қазоқистон  ҳамеша  ҷонибдори  истифодаи оқилонаи   захираҳои оби  минтақа  мебошад. Дипломати  қазоқ  изҳор  намуд, ки чанде  пеш  зимни  мулоқоти  вазирони  мелиоратсияи  мамлакатҳои  Осиёи  Марказӣ масъалаи  меъёри  истифодаи об дар  соли  2010  муҳокима  карда  шуд. Тоҷикистон  ҳамеша  ӯҳдадориҳои  базиммагирифтаашро  иҷро  мекунад,  мо  ба  ин  на як  бору  ду  бор  боварӣ  ҳосил  кардаем. Айни  ҳол  масъалаи   нигоҳ доштани  сатҳи  обанбори  Қайроққум  аҳамияти  калон  дорад. Мутахассисони  қазоқ  ҳамроҳи  ҳамкасбони тоҷикашон   вазъияту  ҳолати  гидротехнии  обанборро  санҷида,  бо  онҳо   самарабахш  ҳамкорӣ  мекунанд,  гуфт  сафир.  А.Аҳмадов  дар  бораи  сохтмони  НБО «Роғун»  сухан ронда, зикр намуд, ки  Президенти  мамлакаташ  Н.Назарбоев зимни  мулоқот  бо  Президенти  Тоҷикистон  Э.Раҳмон  изҳор  карда  буд, ки  агар Тоҷикистон  ҳуҷҷатҳои  техникию  иқтисодии  асоснокшудаи  сохтмони  нерӯгоҳро  пешниҳод  намояд,  Қазоқистон тайёр  аст  дар  сохтмони  он  саҳм  гузорад. Вале  Ҳукумати  Тоҷикистон  қарор  додааст, ки  НБО «Роғун» — ро  мустақилона  бунёд  намояд. Мо тайёрем, ки  дар  мавриди  зарурат,  тибқи  пешниҳоди  Ҳукумати  Тоҷикистон ва  баъди  гузаронидани  экспертизаи байналхалқӣ  дар  сохтмони   ин  иншоот  ҳамкорӣ  кунем,  гуфт А.Аҳмадов.

Февраль 11, 2010 15:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд