НИШАСТИ МАТБУОТИИ САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН
Душанбе, 11 феврал. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Сафири Ҷумҳурии Қазоқистон Абӯтолиб Аҳмадов 11 феврал дар Душанбе барои хабарнигорон нишасти матбуотӣ ташкил намуд. Вай зикр намуд, ки Қазоқистон ҳамчун раиси Созмони амнияту ҳамкории Аврупо ҳамаи масъалаҳои марбут ба минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла, масъалаҳои нақлиёт, экология ва истифодаи обро баррасӣ хоҳад намуд. Қазоқистон ҳамеша ҷонибдори истифодаи оқилонаи захираҳои оби минтақа мебошад. Дипломати қазоқ изҳор намуд, ки чанде пеш зимни мулоқоти вазирони мелиоратсияи мамлакатҳои Осиёи Марказӣ масъалаи меъёри истифодаи об дар соли 2010 муҳокима карда шуд. Тоҷикистон ҳамеша ӯҳдадориҳои базиммагирифтаашро иҷро мекунад, мо ба ин на як бору ду бор боварӣ ҳосил кардаем. Айни ҳол масъалаи нигоҳ доштани сатҳи обанбори Қайроққум аҳамияти калон дорад. Мутахассисони қазоқ ҳамроҳи ҳамкасбони тоҷикашон вазъияту ҳолати гидротехнии обанборро санҷида, бо онҳо самарабахш ҳамкорӣ мекунанд, гуфт сафир. А.Аҳмадов дар бораи сохтмони НБО «Роғун» сухан ронда, зикр намуд, ки Президенти мамлакаташ Н.Назарбоев зимни мулоқот бо Президенти Тоҷикистон Э.Раҳмон изҳор карда буд, ки агар Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои техникию иқтисодии асоснокшудаи сохтмони нерӯгоҳро пешниҳод намояд, Қазоқистон тайёр аст дар сохтмони он саҳм гузорад. Вале Ҳукумати Тоҷикистон қарор додааст, ки НБО «Роғун» — ро мустақилона бунёд намояд. Мо тайёрем, ки дар мавриди зарурат, тибқи пешниҳоди Ҳукумати Тоҷикистон ва баъди гузаронидани экспертизаи байналхалқӣ дар сохтмони ин иншоот ҳамкорӣ кунем, гуфт А.Аҳмадов.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






