НОЗИРОНИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ АЗ РАФТИ ИНТИХОБОТ МУШОҲИДА МЕБАРАНД

Февраль 28, 2010 12:56

             Душанбе, 28 феврал. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). — Субҳи имрӯз дар участкаи интихоботии рақами 2 ҳавзаи 4 ноҳияи Фирдавсӣ, воқеъ дар бинои мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами 28 шаҳри Душанбе интихоби вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти маҳалии вакилони халқ оғоз ёфт.            Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» раиси участкаи интихоботӣ Оксана Забалуева иттилоъ дод, дар участкаи мазкур 1 780 интихобкунанда ба қайд гирифта шудаанд. То соати 10:30 — 350 нафар интихобкунанда ба участкаи интихоботӣ ҳозир шуда ба тарафдории номзадҳои арзанда овози худро доданд.          Ҳамчунин, аз рафти интихобот дар участкаи номбурда нозирони байналмилалӣ Василий Лигай (ИДМ), Ратнер Айрин (ИМА), Лариш Лойберг (Норвегия), Джерри Шкрер ва Наталия Лелер (сафорати ИМА дар Тоҷикистон) назорат бурда, ягон қонуншиканӣ ва камбудӣ дар кори участкаи интихоботӣ мушоҳида накарданд.             Интихобот дар участкаи мазкур то соати 20 идома меёбад.  

Февраль 28, 2010 12:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад