ОҒОЗӢ БАРӮЙХАТГИРИИ АҲОЛӢ

Февраль 25, 2010 08:50

Душанбе, 25 февраля. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Дар кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони васоити ахбори омма дар мавзӯи «Баруйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар соли 2010 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мизи мудаввар баргузор гардид. Мақсад аз баргузории ин мизи мудаввар — шиносоӣ ва омӯзонидани намояндагони ВАО доир ба тарзу усулҳои баргузории рӯйхатгирии аҳолӣ мебошад. Тавре зикр гардид, аз 21 то 30-уми сентябр дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ маъракаи барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил баргузор мегардад ва тамоми ҳисобчиён дар муддати 10 рӯз бидуни истисно ҳамаи биноҳоеро, ки дар онҳо аҳолӣ зиндагӣ мекунад, саросар гашта, пурсиши аҳолиро мегузаронанд ва варақаҳои барӯйхатгириро аз суханони пурсидашавандагон бе талаб намудани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҷавобҳо пур мекунанд. Барои гузаронидани ин маърака 400 нафар ҳисобчии маҳалҳои шаҳрӣ ва 350 нафар ҳисобчии маҳалхои дехот муқаррар карда шудаст. Бояд гуфт, ки, ки ҳар 10 сол пас дар Тоҷикистон барӯйхатгирии аҳолӣ гузаронида мешавад ва аввалин маротиба дар баробари он маъракаи баруйхатгирии фонди манзил низ доир мегардад. 

Февраль 25, 2010 08:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд