ОҒОЗИ КОРҲОИ ТАЙЁРӢ БА СОХТМОНИ ТУННЕЛ
Душанбе, 28 феврал. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — Сардори Раёсати умумии сохтмони хоҷагии роҳҳои Вазорати нақлиёт ва алоқа Алоуддин Аноятшоев ба АМИТ «Ховар» хабар дод, ки тибқи нақша роҳҳои нақлиётӣ то даромадгоҳи туннели Чормағзак бояд то миёнаҳои моҳи март сохта шаванд. Сипас сохтмони худи туннел оғоз меёбад. Тавре хабар дода шуда буд, сохтмони туннели Чормағзакро ширкати Чина Роуди Ҷумҳурии Мардумии Чин ба зимма гирифтааст. Хароҷоти сохтмони туннел 64 миллион доллари ИМА ва дарозии он 4 километру 450 метр мебошад. Туннели мазкур дар роҳи мошингарди Душанбе — Кӯлоб – Хоруғ – Мурғоб — Қулма — сарҳади Чин сохта мешавад.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






