ОЛИМИ ЗАБОНШИНОС АЗ ОЛАМ ДАРГУЗАШТ
Душанбе, 8 феврал. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова) — 6 феврал дар ш.Маскав дар синни 74 солагӣ олими шинохтаи тоҷик-забоншинос, доктори илмҳои филологӣ, профессор Маҳрам Файзов аз олам даргузашт. Маҳрам Файзов яке аз ташкилкунандагони Донишгоҳи санъати Тоҷикистон буда, роҳбарии ин Донишгоҳро ба ӯҳда доштанд. Ӯ ҳамчунин сарвари Кумитаи истилоҳоти назди Академияи улуми Тоҷикистон буд, дар Донишкадаи санъат аз фанни нутқи саҳнавӣ сабақ медоданд. Маҳрам Файзов то рӯзҳои вопасини ҳаёт дар Донишкадаи забон ва адабиёти Академияи улуми Тоҷикистон ва Донишгоҳи славянии Русия-Тоҷикистон ба фаъолияти илмиву омӯзгорӣ машғул буда, муаллифи даҳҳо рисола ва мақолаҳои илмӣ доир ба саҳвиёт (фонетика) — и забони тоҷикӣ, хусусиятҳои забони рӯшонӣ, тарзи талаффузи адабии забони тоҷикӣ мебошанд. Дар ҳамоишҳои байналмилалӣ оид ба забон ҳамчунин мутахассиси соҳа баромад кардааст. 7 феврал ҷанозаи устод Маҳрам Файзов дар ноҳияи Қумсангири вилояти Хатлон баргузор гардид.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






