ОВОЗДИҲӢ ДАР МАСКАВ МУТАШАККИЛОНА ОҒОЗ ЁФТ

Февраль 28, 2010 13:54

            Душанбе, 28 феврал. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова ). — Қитъаи овоздиҳии назди сафоратхонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия субҳи имрӯз расо соати — 6 кушода шуд. Дар он шаҳрвандони тоҷик овоз медиҳанд, ки ба таври доимӣ ё муваққатан дар шаҳри Маскав кору зиндагӣ мекунанд.         Мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, ки дар ин ҷо аввалин шуда, сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Абдулмаҷид Достиев овоз дод.            Аз дафтари матбуоти сафоратхона ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар овоздиҳӣ фаъолона иштирок доранд. Дар байни овоздиҳандагон кормандони сафоратхона, дипломатҳо, намояндагони вазорату идораҳои Тоҷикистон дар Русия, донишҷӯёни мактабҳои олӣ ва дигарон ҳастанд. Мақомоти дахлдори шаҳри Маскав ба гузаронидани интихобот ҳамаҷониба мусоидат менамоянд. Кормандони мақомоти муҳофизи тартиботи шаҳри Маскав атрофи сафоратхонаро посбонӣ мекунанд. Дар ҷараёни овоздиҳӣ ягон камбудӣ ва қонуншиканӣ ба кайд гирифта нашуд.

Февраль 28, 2010 13:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад